ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМОИ РУШД ВА ҲИДОЯТГАРИ ҶОМЕА


Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, роҳнамои ҷомеа дар роҳи рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассумгари дастовардҳои муҳими кишвар ва муайянкунандаи ҳадафҳои стратегии рушди устувори Тоҷикистон мебошад. Дар Паём масъалаҳои таҳкими пояҳои пешрафт, рушди технологияҳои навин, рақамикунонӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ба таври возеҳ ифода ёфтаанд.

Паём на танҳо натиҷаҳои имрӯзаи рушди кишварро дар бар мегирад, балки самтҳои асосии рушди илмӣ ва технологиро барои солҳои минбаъда муайян менамояд. Дар бахши сиёсати хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, ба ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ, таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қирғизистон ва Ӯзбекистон, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид, ки он барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва технологӣ заминаи устувор фароҳам меорад.

Иштироки фаъоли Тоҷикистон дар конфронсҳои байналмилалӣ вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ва ворид гардидани ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО нишонаи болоравии нуфузи байналмилалии кишвар ва арҷгузорӣ ба мероси таърихию фарҳангӣ мебошад.

Зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабр, Пешвои миллат эълон намуданд, ки бо ташаббуси Тоҷикистон соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025–2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардидаанд. Дар робита ба ин, Сарвари давлат ҳамаи сохторҳои дахлдорро ба густариши фаъолияти илмӣ ва амалии худ дар ин самт ва муаррифии дастовардҳо дар сатҳи байналмилалӣ даъват намуданд.

Бо назардошти аҳамияти стратегии масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва омӯзиши илмҳои криосфера, пешниҳод гардид, ки Муассисаи давлатии илмию таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ба Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон табдил дода шавад.

Паёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Соли 2025 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.

Яке аз дастовардҳои бузурги ниёгонӣ дар соҳаи фарҳанг ва мероси таърихӣ мебошад, ки  бунёди 150 иншооти нав сохта шуда, 350 таҷдид гардид, нашри 900 номгӯй адабиёт ва тақдими ройгон ба мардум, эълони «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва Даҳсолаи илмҳои криосфера (2025-2034) далели раднопазири таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э. Раҳмон ба соҳаҳои мазкур мебошад. Соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ 1,300 иншоот бо маблағгузории зиёда аз 5,3 млрд сомонӣ сохта шуда, маош ва нафақа афзоиш ёфт. Ҳадаф беҳбуди сатҳи зиндагӣ ва фароҳам овардани шароити арзанда барои гурӯҳҳои осебпазир мебошад.

Афзоиши захираҳои қувваи корӣ, банақшагирии 1,4 млн ҷойи корӣ дар 5 соли оянда ва иштироки фаъолонаи ҷавонон ва занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ нишондиҳандаи устувории иҷтимоӣ мебошад. Қонунгузорӣ барои рушди устувор ва ҳифзи субот аҳамияти калидӣ дошта, ҳамзамон мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои киберӣ механизми амният ва идоракунии илмӣ-танзимиро тақвият медиҳад.

Мусаллам аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунофари дунё мебошанд. Боиси ифтихор аст, ки гузаштагони некноми мо ориёҳо, ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдориро мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки ин мероси бузургу оламшумулро омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи ҳувиятсоз ба мерос гузорем.

Паёми Пешвои миллат таъкид менамояд, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши инсондӯстона ва шиори зиндагӣ қарор додаанд. Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, ҳамчунин Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд, асоси ҳувият ва асолати тоҷикон мебошанд. Бо мақсади таҳкими мероси фарҳангӣ ва илмӣ, ба Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки барои бунёди Конуни Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин чораҳои зарурӣ андешида шавад

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмӣ вазифадор шудаанд, ки бо ҷалби олимон ва донишмандон консепсияи марказҳоро дар асоси анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдории бостонии тоҷикон таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Амалӣ намудани ин иқдомҳо шаҳодати раднопазири таърих, фарҳанг ва фарҳанги илмии беш аз шашҳазорсолаи мо тоҷикон мебошад.

Боиси ифтихори мост, ки Консепсияҳои зикршуда аз ҷониби олимону муҳақиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳия мешавад. Ин далели эътимоди Ҷаноби Олӣ ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Умедворем, ки олимон аз уҳдаи иҷрои ин вазифаи пурмасъул сарбаландона мебароянд.

Нақши қонунгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар ва таъмин намудани рушди устувору босуръати он, амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ басо муҳим ба шумор меравад.

Аз ин рӯ, таҳлили ҳамаҷонибаву пайвастаи қонунгузорӣ ва таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати такмили он барои иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар зарур мебошад.

Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад.

Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем.

Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад.

Инро бояд хурду бузурги мамлакат дар хотир дошта бошанд.

Бинобар ин, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд вазифаи худро дар самти ҳимояи суботу оромии ҷомеа, амнияту осоиши давлат ва мардуми Тоҷикистон бо садоқат ба давлат ва халқи кишвар таъмин намоянд.

Мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи онҳо дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир мебошад.

Ҳамчунин қайд карданд, ки азбаски чор сол пеш доир ба 35-солагии истиқлол қарор қабул карда будем, соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад.

Ман ба ояндаи неку дурахшони Ватани соҳибистиқлоламон ва иродаи қавии мардуми заҳматпешаву сарбаланди он эътимоди комил дорам.

Дар маҷмуъ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ на танҳо дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба таври мушаххас нишон медиҳад, балки ҳадафҳои илмӣ-танзимӣ, рушди технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ, ҳамчунин эҳёи мероси фарҳангиву тамаддунии миллати тоҷикро низ дар назар дорад.

Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки  Паёми ироа гардидадаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, кушиш ба харҷ медиҳем, ки вазифаҳои касбии худро дар сатҳи баланд ва содиқона иҷро намоем.

 SAVE_20260120_122701.jpg

Мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмиллалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Суди Олӣ

Назарзода Абдулло Абдуҳанон


Бозгашт ба рӯйхат