НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Истиқлолият волотарин ва бебаҳотарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки бисту нуҳ сол пеш воқеаи таърихию фаромӯшнашавандаи миллати тоҷик ба вуҷуд омад, яъне Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд ва 9 сентябр расман рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт инҷониб ин санаи фараҳбахш ҳамчун иди муқаддас ҷашн гирифта мешавад.
Ин неъмати бебаҳо ба мардум ва давлати тоҷик меҳру вафо, хурсандиву хушбахтӣ, ободию озодӣ ва осоиштагиву оромиро овардааст.
Бо эълон шудани Истиқлолияти давлатӣ дар арсаи байналмиллалӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр эътироф шуда, ба сӯи инкишофи мустақилона қадам ниҳод. 29 сол мешавад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо роҳи бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд пеш рафта истодааст. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, давлатсозию давлатдории мустақил, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонд, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид.
Дар давоми 29 соли Истиқололият бо ташаббус, роҳнамоӣ ва сиёсати хирадмандонаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифт. Дар тамоми соҳаҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, мунтазам фаъолияти мақомоти давлатӣ таҳкиму рушд меёбанд.
Маҳз бо шарофати ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Дар ҳамин замина, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқаддас шуморида, соҳибихтиёрии давлатро таъмин намуда, баробарҳуқуқии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф кард ва санаи 6 ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи мамлакатамонро қабул намуд.
Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул шуда, ҳокимияти давлатиро бо таҷзияи ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар намуд. Дар ин замина тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ вобаста ба салоҳияти конститутсионии худ фаъолият намуда, дар пешравӣ ва ташаккулёбии ҳаёти кишвар нақши худро мегузоранд.
Ҳокимияти судӣ низ ҳамчун яке аз рукнҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ дар қатори мақомоти қонунгузору иҷроия баҳри дар амал татбиқ намудан ва амалисозии адолати судӣ дар ҷомеа фаъолият менамояд.
Бинобар ин, маҳз боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳокимияти судӣ бахшида шуда, низоми судии мамлакат, салоҳияти судҳо, принсипҳои асосии фаъолияти судӣ ва сохтори судҳоро муқаррар намудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар моддаи 84 Конститутсия омадааст: “Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо қонунияту адолатро ҳифз менамояд”.
Инчунин дар Конститутсия омадааст, ки адолати судӣ аз ҷониби Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мегардад.
Ҳамзамон ҷоизи қайд аст, ки дар боби мазкури Конститутсия доир ба фаъолияти судҳо дар симои судяҳо нуқтаи хеле муҳим – амали мустақилонаи судҳо ва дахлнопазир будани судяҳо баён шудааст. Чунончи дар моддаи 87 Конститутсия қайд карда шудааст: судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.
Ин нуқтаҳо барои пойдории мустақилияти рукни ҳокимияти судӣ, ки яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд мебошад, баҳри таъмини фаъолияти суди босалоҳият ва беғаразона, ки дар асоси сарқонун ва қонунҳо таъсис дода шудааст, равона гардидааст.
Бо гузашти солҳо мо амиқан дарк кардем, ки истиқлолият омили муҳимтарини рушди ҷомеа, шарти асосии пешрафти иқтисод ва иҷтимоиёту фарҳанги мардуми мо ба ҳисоб меравад.
Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худ мешуморем.
Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати бебаҳо, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу ватандорӣ, кафолати хонаободӣ, саодатмандӣ, сарбаландию осоиштагии мо мебошад ва он дар тамоми ҷабҳаҳо, ҳам сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданию фарҳангӣ ба дастовардҳои 29 соли истиқлолият ноил гардида, таҳкими асосҳои ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ ва заминаи маънавии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон воситаи тавонову созандае мебошад.
Мехоҳем халки тоҷикро ба муттаҳидшавӣ дар атрофи Пешвои миллат ва баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ ва давлатдорӣ, ки моро ба фазои осуда дар кишварамон, ба суи сарафрозӣ ва комёбиҳо оварда мерасонад даъват кунем.
Мо тамоми кушишу ғайратамонро барои пешравӣ ва гулгулшукуфии Точикистони азизамон сарфа хоҳем кард ва алалхусус мо занхо барои сазовори боварии сарвари давлатамон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон шудан кӯшиш ба харҷ хоҳем кард.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми халқи тоҷикро ба муносибати 29-солагии Истиқлолияти давлати Тоҷикистон табрику муборакбод карда, тансиҳатӣ, сарбаландӣ ва тинҷию осудагии кишварамонро орзу менамоем.

Судяҳои Cуди Олӣ
Ҳакимзода С.А. ва Ҳаким Р.А.


Возврат к списку


СОМОНАҲОИ МУФИД