Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санадҳои сиёсиву ҳуқуқии муҳим ва арзишманд маҳсуб ёфта, дар асоси принсип ва меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод мегардад. Тибқи моддаи якуми Конститутсия шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ муқаррар шудааст. Дар ҳамин замина мувофиқи моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳам сарвари давлат ва ҳам сарвари ҳокимияти иҷроия эътироф гардидааст. Дар доираи салоҳият ва ваколатҳои конститутсионии хеш Президент ҳамасола бо Паём ба вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоқикистон муроҷиат намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян месозад. Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таҳлилу баррасӣ ва дурнамои вазъи иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоии дохиливу хориҷӣ бо ташаббусҳои ҳуқуқэҷодкунии хеш низ муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар Паёми нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ чандин пешниҳодҳое ироа гардиданд, ки дар таҳким ва рушди вазъи ҳуқуқии кишвар арзишманд мебошанд. Аз ҷумла, бинобар васеъшавии истифодаи зеҳни сунъӣ дар ҳаёти ҷомеа ва технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт ва идоракунии давлатӣ Сарвари давлат ба парламенти кишвар дастур доданд, ки “барои таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ чораҷӯӣ намояд.”
Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат саноатикунонии босуръати кишвар маҳсуб меёбад. Бо мақсади “таъмин намудани истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои зеризаминӣ, тақвияти назорати давлатӣ, мусоидат ба рушди устувори соҳаи истихроҷ ва геологияи кишвар” аз вазорату сохторҳои дахлдор дархост карда шуд, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзими фаъолият дар ин соҳаҳоро таҳия ва ба Ҳукумат пешниҳод созанд. Дар паёми имсола ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзӣ, ки аз ҳадафҳои дигари стратегии ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад, дар маркази андешаҳои Президенти кишвар қарор дошт. Бо мақсади дастгирии кишоварзон ва рушди соҳа Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки лоиҳаи қонун дар бораи сиёсати аграриро таҳия ва пешниҳод намояд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки бо мақсади дастгирии соҳаи пахтакорӣ пешниҳодҳои лозимиро доир ба ворид намудани тағйироти дахлдор ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Ҳукумати мамлакат манзур созанд.
Дар таҳкими худшиносӣ ва ҳисси миллии шаҳрвандон омӯзиш ва шинохти мероси таърихиву фарҳангӣ нақши муҳим дорад. Аммо, дар масъалаи ҳифз ва нигоҳдошти ёдгориҳои таърихӣ қонуни соҳаи бостоншиносӣ дар кишвар вуҷуд надорад. Ташаббуси навбатии арзишманди Президенти мамлакат дар Паём таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонуни соҳаи бостоншиносӣ ба Ҳукумат мебошад.
Дар маҷмуъ, ташаббусу дастурҳои Президенти мамлакат дар Паёми навбатии хеш дар таҳким ва рушди қонунгузорӣ ва ҳаёти ҳуқуқии кишвар саҳифаи тозае ба шумор меравад. Дар Паём дар қатори тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва қонунҳои амалкунанда ба таҳия ва пешниҳоди ду қонуни нави мукаммал дастур дода шуд. Зеро, бо таъкиди Президенти маҳбуби кишвар таҳлили ҳамаҷонибаву пайвастаи қонунгузорӣ ва таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати такмили он барои иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошад.
Мутахассиси Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ
ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Суди Олӣ
.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
