Дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ ва роҳнамои ислоҳоти ҳуқуқӣ, нақши муҳимро иҷро менамояд. Ислоҳоти ҳуқуқӣ раванди мураккаб ва бонизоми тағиру иловаҳо дар низоми ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ, ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки бо мақсади таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, мустақилияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мутобиқсозии қонунҳои миллӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба сомон расонида мешавад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳим ва афзалиятноки рушди давлатдорӣ дорои қувваи баланди саиёсӣ-ҳуқуқӣ ва аҳамияти стратегӣ мебошад, ки самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ, ҳадафҳо ва вазифаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, сиёсати ҳуқуқӣ ва ислоҳоти қонунгузориро муайян мекунад. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашма ва манбаи роҳнамо барои фаъолияти рӯзмарраи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ арзёбӣ мегардад ва татбиқи он механизми дақиқ ва масъулиятнокро талаб мекунад.
Дар ин раванд нақши судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо ҳамчун намояндагони ҳокимияти судӣ хеле муҳим арзёбӣ гардида, онҳо дар баробари амалисозии адолати иҷтимоӣ, инчунин дар татбиқ ва иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда масъул мебошанд.
Зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки нақши қонунгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар ва таъмин намудани рушди устувору босуръати он, амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ басо муҳим ба шумор меравад. Таҳлили ҳамаҷонибаву пайвастаи қонунгузорӣ ва таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати такмили он барои иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ зарур мебошад, зеро таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар заминаи асосӣ буда, маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар таъмин гардида, сатҳи некуаҳволии халқ баланд бардошта шавад.
Дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат ба масъалаи пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, чораҷӯиро барои таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ таъкид намуданд.
Дар ин замина, мебояд махсус қайд намуд, ки бо ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” қабул гардид, ки ин иқдом обрую эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд менамояд.
Дар баробари таҳлили ин самтҳои муҳими меҳварии давлатдорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои иҷтимоӣ ҳамчун самти муҳими фаъолияти Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, таҳлили вазъи воқеии соҳаҳои калидӣ - илму маориф, тандурустӣ, фарҳангу шуғли аҳолӣ ва ҷавонону занонро дар даврони соҳибистиқлолӣ ва дурнамои ин соҳаҳоро бо мақсади рушд ва фароҳам овардани шароити мусоид пешниҳоди Маҷлиси Олӣ намуданд.
Боиси зикри хос аст, ки яке аз қисмҳои муҳими Паёми имсолаи Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи хеле муҳим ва рӯзмарра, яъне ба худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бахшида шуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлоли миллӣ соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон карда шавад.
Дар Паёми Роҳбари давлат зикр гардид, ки “...тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо - ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, оину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.
Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.”
Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии сарони давлатҳои хавзаи Наврӯз, иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 23 феврали соли 2010 бо қатъномаи худ рӯзи 21 мартро “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” эълон намуд ва бо ҳамин Наврӯзи тоҷикон ва қавмҳои ориёӣ ҷаҳонӣ шуд, ки ин боиси сарбаландӣ ва фахри миллати тамаддунсози тоҷик мебошад.
Қайд намудан ба маврид аст, ки ҷанбаи асотирии пайдоиши Наврӯз дар сарчашмаҳои таърихиву адабии бостонӣ ба фаъолияти шоҳи чаҳорумини пешдодӣ Ҷамшед иртибот дорад.
Шоҳони хирадманди сулолаҳои Каёнӣ, Сосонӣ ва Сомонӣ ба густариши оинҳои Наврӯзи Аҷам мусоидат карда, аз арзишҳои волои ин суннати аҷдодӣ барои муттаҳидсозии халқҳои ориёинажод, инчунин устувор намудани пояҳои давлатдории худ басо дурандешонаю оқилона истифода намудаанд. Маҳз кӯшишу талошҳои пайгиронаи онҳо буд, ки аҷнабиён баъди истилои Осиёи Миёна дар барҳам задану аз байн бурдани суннати Наврӯз оҷиз монда, онро бо номи ҷашни Ҷамшед ва Наврӯзи Аҷам пазируфтанд ва бузургдошту таҷлилашро қабул карданд.
Аз он замон асрҳои зиёд паси сар шуданд, вале бо вуҷуди ҳуҷуми душманони бегона, фарҳанги бегона, шиканҷаҳо, ситамкориҳо, беадолатиҳо ва зулму бедодиҳо, Наврӯз барои мардуми тоҷик бегона нагардид. Наврӯз барои мардуми тоҷик ҷашни қадимаи аҷдодӣ буд, ҳаст ва боқӣ мемонад. Наврӯз реша ба умқи Замину сар ба сӯи Коиноти бекарон афрохтааст.
Бинобар ин, тавассути Паём Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки “ҷиҳати дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне, Маркази тамаддуни ориёнӣ, чораҷуӣ намоянд. Ҳамчунин, бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.”
Таъкид гардид, ки “...амалӣ намудани иқдомоти зикршуда далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шаш ҳазорсолаи мо - тоҷикон мегардад.”
Дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дар шаҳри Душанбе бунёд намудани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз, воқеан ҳам, иқдоми хеле муҳим барои тарбияи наслҳои имрӯзу оянда дар рӯҳияи худшиносӣ, эҳтиром ба таъриху анъанаҳои деринаи миллӣ ва нишон додани саҳми ниёкони мо дар тамаддуни ҷаҳонӣ хоҳад буд.
Дар ин иқдом иродаи давлате эҳсос мешавад, ки мехоҳад на танҳо имрӯзро идора кунад, балки ояндаро бо маъно пур намояд. Эҳёи огоҳонаи тамаддуни ориёӣ дар шакли Конун (Бунёд) ё ниҳоди илмӣ-фарҳангӣ, рамзи он аст, ки миллат ба гузашта ҳамчун сарчашмаи неру менигарад, на ҳамчун бори сангин. Ин нигариш таърихро аз хомӯшӣ берун меорад ва онро ба забони андеша, ахлоқ ва масъулият табдил медиҳад.
Ин иқдом дар заминаи таърихи тӯлонии давлатдорӣ ва фарҳангсозии тоҷикон маънии амиқтар касб мекунад. Миллати тоҷик ҳамчун яке аз қадимтарин миллатҳои минтақа, дорои таърихи беш аз шаш ҳазор сола, дар тули асрҳо на танҳо ҳифзкунандаи суннатҳои фарҳангӣ, балки офарандаи арзишҳои тамаддунӣ, илмӣ ва ахлақӣ будааст. Тамаддуни ориёӣ дар ин раванд ҳамчун низоми мукаммали тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва инсонмеҳварӣ ташаккул ёфта, дар худ мафҳумҳои адолат, хирад, масъулият ва эҳтиром ба ҳаётро таҷассум намудааст. Аз ин рӯ, масъалаи тамаддуни ориёӣ барои тоҷикон танҳо мавзуи омӯзиши таърихӣ набуда, балки пояи худшиносии миллӣ ва ҳастии маънавии миллат ба шумор меравад.
Дар тамаддуни ориёӣ қонуният аз қудрат боло меистод ва ҳокимият танҳо дар сурате маънии ҳақиқӣ пайдо мекард, ки ба адолат, хирад ва масъулият такя намояд. Дар ин замина адолати иҷтимоӣ на ҳамчун шиор, балки ҳамчун тарзи зиндагӣ фаҳмида мешуд. Аз ин рӯ, тамаддуни ориёӣ имрӯз метавонад ҳамчун манбаи тафаккури стратегӣ барои рущди устувор истифода шавад.
Дар хотимаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Мардуми шарифи Тоҷикистон, ки дар 34 соли сипаришуда рӯзҳои бисёр сахту сангинро бо сабру таҳаммул ва бо иттиҳоду сарҷамъӣ паси сар карданд, қудрату имкониятҳои азими созандагӣ доранд ва маҳз ҳамин неруи азими созандаву ободгар фардои дурахшони Ватани азизамонро таъмин месозад.”
Сардори раёсати ташкили кори судҳои
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2,
Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
