Имрӯз, 30-юми январи соли 2026 дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас муовини якуми Раис Лутфуллозода Ш. дар баромадаш изҳор дошт, ки Паёми имсола самтҳои муҳимтарини сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро фаро гирифта, идомаи мантиқии сиёсати созанда ва дурнамои рушди устувори давлат буда, самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои минбаъда муайян менамояд. Дар ин Паём масоили калидии ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла рушди иқтисоди миллӣ, таъмини амнияти иҷтимоӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушди маорифу тандурустӣ ва боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Судяи Суди Олӣ, раиси коллегияи парвандаҳои маданӣ Бобохонзода А. баромад намуда, зимни баромади хеш зикр кард, ки Паём дар амалияи сиёсии давлатҳои замони муосир хусусиятҳои рамзии худро дошта, далели тафоҳум ва тавозуни сиёсӣ миёни шохаҳои мустаъқили ҳокимияти давлатӣ мебошад. Он стратегияи миёнамуҳлати амал барои давлатҳо буда, дар доираи ин санади муҳими сиёсӣ ояндаи фаъолияти соҳавии кишварҳо ба таври нақшавӣ рӯйи кор оварда шуда, барои тасдиқ ба намояндагони халқ пешниҳод карда мешавад.
Судяи суди шаҳри Душанбе Насрулозода С.Н. дар баромади худ ёдовар шуд, ки масъалаи дигаре, ки дар Паёми Пешвои миллат ба он диққати махсус дода шуд, мустаҳкам намудани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккул додани афкори эҷодии халқ ва гиромидошти арзишҳои милливу фарҳангӣ мебошад. Татбиқи ин нукта имкон медиҳад, ки дастовардҳои гаронбаҳои фарҳангӣ мавриди истифода қарор гирифта, намунаҳои беҳтарини фарҳанги миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ карда шаванд. Дар ин замина Пешвои муаззами миллат олимона қайд карданд, ки “Мо набояд ба решаи фарҳанги бегона об диҳем. Бо хурофот давлат тараққӣ намекунад. Имрӯз марҳилаи худшиносии миллӣ фаро расид. Вақти баланд бардоштани маърифати миллати тоҷик омадааст” - ин нукта даъвати бедории миллати тамаддунофари тоҷик аст.
Дар ҷаласаи тавзеҳотии мазкур масъалаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матраҳ гардид. Набояд фаромуш кард, ки таъмини амнияти миллӣ яке аз самтҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар мебошад. Ин масъала ҳамчун омили асосии ҳифзи истиқлол, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар мавқеи хосса дорад. Амнияти миллӣ тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, аз суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ то ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ, экологӣ ва иттилоотиро дар бар мегирад. Дар Паёми Пешвои миллат ҳамеша таъкид мегардад, ки таҳкими сулҳу суботи дохилӣ барои нигоҳдории дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва пешрафти ҷомеа муҳим аст.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои ин Паёми муҳиму тақдирсоз, соли 2026 ба соли татбиқи амалии ормонҳои миллӣ, худшиносии мардум ва густариши корҳои ободонӣ дар саросари кишвар табдил меёбад, то ин ки ҷашни муҳиму тақдирсози миллат 35-солагии Истиқлоли давлатии кишварро бо дастовардҳои аз ин ҳам арзандатар пешвоз гирем.




.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
