БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ СЕМИНАРИ ОМУЗИШӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДҲО

30 январи соли 2026 дар маҷлисгоҳи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе семинари омӯзишии соҳавӣ баргузор гардид. Дар кори семинар намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони дастгоҳи Суди Олӣ, инчунин намояндагони судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

photo_2026-01-30_21-51-44.jpg
Семинар бо мақсади иҷрои талаботи банди 8 Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 декабри соли 2024 баён гардидааст, баргузор карда шуд. Дар ин замина, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории семинар-машваратҳоро ба нақша гирифта, дар чорабинии мазкур фаъолона ширкат варзид.
Намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати андозсупорандагон семинар-машварат баргузор намуданд. Ин иқдом ба ташаккули маърифати молиявии шаҳрвандон, таҳкими риояи қонунгузории андоз, инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеа мусоидат менамояд.

photo_2026-01-30_21-59-05.jpg
Чорабинӣ бо мақсади таҳкими донишҳои ҳуқуқӣ, такмили малакаҳои амалӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони мақомоти судӣ баргузор гардида, ба иҷрои талаботи қонунгузории амалкунанда ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии судӣ равона карда шуд.

photo_2026-01-30_22-01-29.jpg photo_2026-01-30_21-51-45 (2).jpg
Ҳадафи асосии семинар таҳкими масъулияти касбӣ, риояи талаботи одоби хизматчии давлатӣ ва ташаккули муоширати шоиста бо муроҷиаткунандагон арзёбӣ мегардад.


Бозгашт ба рӯйхат