Рӯзҳои 1 -7 феврали соли 2026 дар осоишгоҳи Сароб барои 40 нафар судяҳои ҷумҳурӣ тренинги омузиши дар мавзуи “Баробарӣ ва ҳифз аз ҳама гуна шаклҳои табъиз” баргузор гардида истодааст.

Чорабинии мазкур бо мақсади амалигардонии бандҳои Нақшаҳои миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рафъи табъизи нажодӣ барои солҳои 2024-2027 ва барҳам додани табъиз нисбати занон барои солҳои 2025-2032 равона гардидааст.
Зимни баргузории тренинг судяҳо оид ба масъалаҳои стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ оид ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз, намудҳои табъиз ва аҳамияти фарқгузорӣ, механизмҳои ҳимоя аз ҳама гуна шаклҳои табъиз ва ғайраҳоро мавриди омузиш қарор доданд.
Ғайр аз ин, ба судяҳо мазмуну моҳияти дастурҳои тавзеҳотии Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2025, №33 "Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба табъиз алоқаманд ба миён меоянд" фаҳмонда дода шуд.
Ба сифати устод судяи Суди Олӣ муҳтарам Аланазарзода Шароф баромад намуда, нуктаҳои асосии қонунгузории миллӣ ва дигар паҳлуҳои баробарӣ ва аломатҳои табъизро табодули таҷриба намуданд.

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
