ВОХӮРӢ ҶИҲАТИ ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ НОРАК БАРГУЗОР ГАРДИД

7 феврали соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак вохӯрӣ бо намояндагони касбу кори гуногун ва фаъолони шаҳр баргузор шуд.

Дар чорабинӣ муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Лутфуллозода Шавкат ва муовини раиси вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло иштирок намуданд. Ҷамъомадро раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим ифтитоҳ бахшид.

photo_2026-02-07_23-44-47-artguru.png

Вохӯрии мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилояти Хатлон роҳандозӣ гардида, ҳадафи он тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва таҳкими фазои солими иҷтимоӣ дар ҷомеа арзёбӣ гардид.

Зимни суханронӣ муовини раиси вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло доир ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла таълиму тарбияи дурусти насли наврас, таҳкими арзишҳои миллӣ, риояи расму оинҳои миллӣ, ҷалби духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва муқовимат ба падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ ибрози назар намуд.

photo_2026-02-07_23-44-49-artguru.png

Ҳамзамон, мавсуф аз сатҳу сифати корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Норак изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки истифодаи усулҳои таъсирбахши «Хона ба хона», «Кӯча ба кӯча», «Мактаб ба мактаб» ва «Маҳалла ба маҳалла» дар баланд гардидани маърифати аҳолӣ ва пешгирии мушкилоти иҷтимоӣ нақши муассир мегузорад.

Аз масъулини дахлдор даъват ба амал оварда шуд, ки татбиқи чунин усулҳо минбаъд низ бо ҷалби фаъолон, омӯзгорон, имомхатибон ва сохторҳои марбута тақвият дода шавад.

Дар фарҷом меҳмонон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишварро шарҳу тавзеҳ дода, аз масъулин ҷиҳати таъмини иҷрои босамари дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тадбирҳои мушаххас андешиданро талаб намуданд.


Бозгашт ба рӯйхат