Рӯзҳои 9-10 феврали соли 2026, дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 20 нафар шахсони ваколатдори пешбурди сомонаҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мавзуи “Фаъолияти самараноки сомонаҳои судӣ: таҳрир ва малакаҳои техникӣ” треннинги омузишӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур аз баланд бардоштани иқтидори зеҳнӣ ва техникии кормандони масъули судҳои ҷумҳурӣ, ки фаъолиятро ба дастраси ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо таъмин менамоянд, иборат мебошад.

Зимни омузиш кормандон заминаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, аҳамияти фаъолгардонии сомонаҳои судҳо, тартиби таҳия ва паҳн намудани хабару иттилоот, инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳоро бо намояндагони ВАО азхуд намуданд.
Илова бар ин ба шунавандагон фарқияти фаъолият бо WordPress, Bitrix, Joomla ва дигар платформаҳо дар сомонаҳои судҳо ва таъмини амнияти маълумот фаҳмонда дода шуд.

Ба сифати устодон судяи Суди Олӣ муҳтарам Аланазарзода Шароф ва намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” баромад намуда, нуктаҳои асосии қонунгузории миллӣ ва дигар паҳлуҳои муҳими дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро табодули таҷриба намуданд.

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
