ТАҲИЯ ВА ТАКМИЛИ ЛОИҲАҲОИ ҚАРОРҲОИ ПЛЕНУМИ СУДИ ОЛӢ

Дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳия ва такмил додани як қатор лоиҳаҳои қарорҳои Пленуми Суди Олӣ комиссияи таҳрирӣ фаъолияти босамар дорад. Ин иқдом ба баланд бардоштани сифати татбиқи қонунгузорӣ ва ташаккули амалияи ягонаи судӣ равона гардидааст.

20260408_112644.jpg

Айни замон аз ҷониби комиссияи таҳрирӣ лоиҳаҳои қарорҳо вобаста ба масъалаҳои мубрами амалияи судӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доранд. Аз ҷумла, лоиҳаҳои қарорҳо «Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки дар таҷрибаи судӣ ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парвандаҳо вобаста ба аъзои оила эътироф намудан ва маскун кардан ба манзили истиқоматӣ ба миён меоянд», «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасӣ ва ҳалли баҳсҳои вобаста ба тарбияи фарзандони ноболиғ», «Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки дар таҷрибаи судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба Қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи нақлиёт ба миён меоянд» ва ғайраро таҳия намуда истодааст.

20260408_112807.jpg

Зимни таҳияи лоиҳаҳои мазкур таҷрибаи амалии судҳо, пешниҳодҳои судяҳо ва талаботи қонунгузории миллӣ ба инобат гирифта шуда, инчунин омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ низ мавриди истифода қарор дорад.

Интизор меравад, ки қабул ва татбиқи қарорҳои мазкур ба таъмини ягонагии амалияи судӣ, ҳифзи самараноки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таҳкими волоияти қонун дар кишвар мусоидат намояд.


Бозгашт ба рӯйхат