НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Имрӯз, 12 феврали соли 2026 дар Суди Олӣ оид ба натиҷаи фаъолияти ҳокимияти судӣ дар соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар кори он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ муҳтарам Ализода Зариф, муовинон, раисони колегияҳо, судяҳо ва сардорони Раёсатҳои Суди Олӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Дар оғоз Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад намояндагони воситаҳои ахбори оммаро бо натиҷаи фаъолияти ҳокимияти судӣ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2026 шинос намуданд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки тибқи муқаррароaти Конститутсия ва қонунҳо вазифаҳои ҳокимияти судӣ аз ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини конунияту адолат дар ҷомеа иборат буда, дар ин самт корҳои муайяне амалӣ карда шуданд.

20260212_045558.jpg IMG_2893.JPG

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2025 аз ҷониби судҳо дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ, дар маҷмуъ, 153.150 (169614) адад парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрочиёни Хадамоти иҷро баррасӣ карда шуданд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16.464 адад кам мебошад.

Аз шумораи умумии парвандаҳои баррасигардида дар марҳилаи якум, 15.316 (13326) ададро парвандаҳои маданӣ, 47.141 (46063) ададро парвандаҳои оилавӣ, 13.799 (12036) ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 51.431 (75379) ададро парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 8117 (8255) ададро дархости мақомоти тафтиши пешакӣ ва 8410 (6995) ададро пешниҳодҳои сохтору мақомоти дахлдор ташкил медиҳанд.

20260212_045633.jpg

Ин нишондодҳо нисбат ба соли 2024 мутаносибан бо парвандаҳои маданӣ 1990 адад зиёд, нисбат ба парвандаҳои оилавӣ 1078 адад зиёд, нисбат ба парвандаҳои ҷиноятӣ 1763 адад зиёд ва нисбат ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 23.948 адад кам мебошанд.

Вобаста ба риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 1297 (1435) адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати 1297 (1435) шахс баррасӣ шуда, аз онҳо ба 1268 (1409) шахс ба маблағи умумии 10.989.681 (11.095.560) сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ шумораи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷиҳати риоя накардани Қонун «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ба 10536 (33150) адад расида, аз ин шумора нисбати 8561 (23670) шахс ҷарима ба маблағи умумии 6.957.634 (6.031.831) сомонӣ таъин карда шудааст.

IMG_2968.JPG 20260212_045705.jpg

31.558 (30150) адад парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, бо мақсади пешгирии қонунвайронкуниҳо аз ҷониби судҳо бо аҳолии кишвар 14.933 (13294) суҳбату вохўриҳо баргузор карда шуда, 5626 (4796) маротиба дар телевизион ва радио баромадҳо доир намуда, 2130 (1800) мақола дар рӯзномаҳо ба нашр расонида шудааст.

Дар ин давра судҳо аз ҳисоби боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи молу мулк, зарари ба давлат расонидашуда ба фоидаи давлат маблағи умумии 216млн. 395 ҳазору 177 (125млн.606 ҳазору 063) сомонӣ рўёниданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90млн.789 ҳазору 113 сомонӣ зиёд мебошад.

Судҳои ҷумҳурӣ доир ба масъалаҳои қабули таъинотҳои хусусӣ, гузаронидани ҷамъбасти амалияи судӣ ва ирсоли пешниҳодҳо ба мақомоти дахлдор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беҳтар фаъолият намуданд.

Аз ҷумла, баҳри бартараф намудани камбудиҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор, судяҳои ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 31679 (29128) адад таъиноти хусусӣ бароварда, 962 (860) ҷамъбасти амалияи судиро гузаронида, ба мақомоти дахлдор 1626 (1457) адад пешниҳод ирсол намуданд, ки ин нишондиҳандаҳо мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2551 адад таъиноти хусусӣ, 102 адад ҷамъбасти амалияи судӣ ва 169 адад пешниҳод судӣ зиёд мебошанд.

Бо мақсади амалисозии «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» ва иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи мазкур, судяҳои ҷумҳурӣ дар як қатор ҷамоату шаҳракҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо шаҳрвандон вохўрию суҳбатҳо доир намуда, мазмуну муҳтавои Конститутсия, қонунҳои кишвар, аз ҷумла Қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак» ва дигар қонунҳои амалкунанда, дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро фаҳмонданд.

Тариқи шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо 26 (24) адад барномаи ҳуқуқии «Мурофиа» ва тариқи шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» 30 (30) барнома таҳти унвони «Ҳуқуқи Шумо» пешкаши тамошобинон гардонида шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ 54 (62) адад барномаи иттилоотӣ-таҳлилии «Додгоҳ» сабт ва тариқи телевизиони «Ҷаҳоннамо» пахш гардидаст.

Дар ин давра, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо ташаббуси Радиои «ҒМ-Ховар»-и Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» зери унвони «Маърифати ҳуқуқӣ», бо иштироки судяҳо 38 (24) барнома сабт ва дар мавҷи радиоӣ пахш карда шудаст.

20260212_045436.jpg 20260212_045914.jpg

Илова бар ин бо фармоиши Раиси Суди Олӣ аз 10 феврали соли 2025 гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба ҷорӣ намудани коргузории электронӣ таъсис дода шуда, вазифаи аввалиндараҷаи гурўҳи корӣ дар пайвастшавӣ ба Ҳукумати электронӣ, тақвият бахшида кори сомонаҳои судҳо, таҳия намудани барномаи махсуси "E-COURT" ва рушди экосистемаи рақамии судӣ муайян гардидааст.

Барномаи “E-COURT” ба сифати як воситаи асосии рақамикунонии коргузорӣ имконият фароҳам меоварад, ки раванди ҳуҷҷатгузорӣ пурра дар шакли электронӣ ба роҳ монда шуда, назорат, арзёбӣ ва таҳлили фаъолияти кормандон шаффоф гардонида шавад.

Инчунин, бо мақсади амалисозии дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 бармеоянд ва бо дарназардошти он, ки солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардиданд, роҳбарияти Суди Олӣ тасмим гирифтааст, ки фаъолияти минбаъдаи худро пурра ба низоми рақамӣ мутобиқ намояд.

Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти ҳокимияти судӣ дар нимсолаи якуми соли 2026, бо қарори Раёсати Суди Олӣ аз 09 январи соли 2026 амалӣ намудани як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шуда, иҷрои саривақтии он таҳти назорати доимии роҳбарияти Суди Олӣ қарор дода шудааст.

Илова бар ин ба саволҳои намояндагони воситаи ахбори омма ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.


Бозгашт ба рӯйхат