Санаи 12 феврали соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Ассотсиятсияи Ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон чорабинии омузишӣ дар мавзуи “Қарзҳои мушкилситон ва тартиби баргардондани онҳо” баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур ба сифати устод судяи Суди Олӣ муҳтарам Аланазарзода Шароф ширкат варзида ба намояндагони бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон паҳлуҳои муҳими ҳуқуқи мурофиавӣ ва моддиро ҷиҳати дуруст пешниҳод намудани даъвоҳо ба судҳои ҷумҳурӣ табодули таҷриба намуд.
Ғайр аз ин, ба шунавандагон хусусиятҳои хосӣ баррасии даъвоҳо вобаста ба нигаронидани рӯёниш ба молу мулки ба гаравмондашуда, шарҳу тавзеҳотҳо дар асоси талаботи санадҳои қонунгузорӣ дода шуданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани иқтидории зеҳнии кормнадони ташкилотҳои қарзӣ равона шуда буд.

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
