Рӯзҳои 12-13 феврали соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалӣ зери унвони “Дастовард ва чолишҳо дар раванди амалишавии сиёсати гендерӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид.
Судяи Суди Олӣ хонум Ҳаким Рухшона Аскар дар чорабинии мазкур иштирок ва суханронӣ намуда доир ба нақши судҳои ҷумҳурӣ дар таъмини баробарии ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсии мардону занон ибрози ақида намуд.
Ҳадафи ҳамоиш аз баррасӣ намудани вазъи иҷрои санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалагардонии онҳо ҷиҳати мусоидат дар таҳкими тавонмандии ҷомеа дар коҳиш додани таҳдидҳои глобалӣ иборат мебошад.



.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
