Имрӯз, 13 феврали соли 2026 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста масъалаи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудани далелҳои дар шакли электронӣ дар давлатҳои дигар ташаккулёфта баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндагони Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Роҳбари гурӯҳи кори-судяи Суди Олӣ муҳтарам Аланазарзода Шароф, қайд намуд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 январи соли ҷорӣ маъқул донистани матни Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди ҷиноятҳои киберӣ: тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои муайяни бо истифода аз низоми иттилоотию коммуникатсионӣ содиршаванда ва дар мубодилаи далелҳои шакли электронии марбут ба ҷиноятҳои вазнин, ки 24 декабри соли 2024, №79/243 дар иҷлосияи 79 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, барои такмили минбаъдаи санадҳои қонунгузории мамлакат заминаи ҳуқуқиро ба миён овардааст.
Ҳадафи ҷаласа аз такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии истифодаи далелҳои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, дар рафти он ҳадафҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи рақамикунонии низоми судӣ, инчунин таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ оид ба дастрасӣ, баҳодиҳӣ ва истифодаи далелҳои электронӣ дар мурофиаҳои судӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Иштирокдорон ба масъалаҳои таъмини эътимоднокии далелҳои электронӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иштирокчиёни мурофиа ва риояи кафолатҳои мурофиавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар фарҷом самтҳои асосии фаъолияти минбаъдаи гурӯҳи корӣ муайян гардида, оид ба зарурати таҳлили қонунгузории амалкунанда, таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили он, бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ бо дарназардошти манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.




.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
