ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУАЙЯНКУНАНДАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва барномавӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро муайян менамояд. Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунии кишвар, дастовардҳои даврони истиқлол ва вазифаҳои муҳими марҳилаи нави рушдро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор доданд.

Яке аз рӯйдодҳои таърихӣ, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ иброз намуданд ин ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.

Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд.

Яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ин рушди устувори иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Дар Паём таъкид гардид, ки новобаста ба таъсири омилҳои беруна иқтисодиёти кишвар рушди босуботро нигоҳ дошта, нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ тадриҷан беҳтар гардидаанд. Дар ин замина, саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи стратегӣ муайян шуда, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ ва зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти рақобатпазир аз вазифаҳои аввалиндараҷа арзёбӣ мегардад.

Самти дигари муҳим рушди иқтисоди рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир мебошад. Президенти кишвар ба зарурати рақамикунонии идоракунии давлатӣ, баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии хизматрасониҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Истифодаи зеҳни сунъӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос ҳамчун заминаи рушди иқтисоди муосир арзёбӣ гардид.

Истиқлолияти энергетикӣ низ дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад. Дар Паём рушди соҳаи энергетика, татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, аз ҷумла неругоҳҳои барқи обӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҳамчун омили муҳими рушди иқтисоди «сабз» ва таъмини амнияти энергетикӣ таъкид карда шуд. Чунончи дар Паём зикр гардид, ки моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад ва истиқлоли энергетикии кишвар таъмин мегардад.

Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо раванди сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро пайваста идома медиҳад.

Ҳукумати мамлакат, тамоми роҳбарону масъулин ва сохтмончиёни ин иншооти бузург вазифадоранд, ки сохтмони неругоҳро бо масъулияти баланд ва босифат вусъат бахшида, иҷрои супориши додашударо ҷиҳати дар моҳи сентябри соли 2027 ба кор даровардани агрегати сеюми неругоҳ, яъне расидан ба истиқлоли энергетикиро таъмин намоянд.

Сиёсати иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ боқӣ мемонад. Дар Паём ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, зиёд намудани музди меҳнат, нафақа ва стипендия, инчунин беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки сармоягузорӣ ба инсон ва рушди неруи зеҳнӣ ояндаи устувори давлатро таъмин менамояд.

Рушди маориф ва илм ҳамчун пояи асосии пешрафти ҷомеа арзёбӣ мегардад. Баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим, тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва дастгирии омӯзгорон аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлатӣ мебошанд.

Дар баробари ин, таҳкими амният ва суботи сиёсӣ мавқеи хоса дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги халқи тоҷик буда, ҳифз ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад. Мубориза бо таҳдидҳои муосир, пешгирии экстремизм ва таъмини амнияти иттилоотӣ аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор мераванд.

Дастгирии ҷавонон ва баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа низ дар Паём ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ зикр гардид. Ҷалби ҷавонон ба илм, истеҳсолот ва фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷомеа омили муҳими рушди устувор арзёбӣ мешавад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати роҳнамо буда, самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар шароити муосир муайян менамояд. Амалисозии пайгиронаи дастуру супоришҳои дар Паём ироашуда барои рушди минбаъдаи кишвар, таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум заминаи устувор фароҳам меорад.

IMG_2361.JPGМутахассиси раёсати кадрҳо

ва корҳои махсуси Суди Олӣ   

               Мирзоев С.Н.                              


Бозгашт ба рӯйхат