ВОХӮРӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ: НАҚШИ ҚОНУН ДАР ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Санаи 12 феврали соли 2026, судяҳои Суди Олӣ Мирзозода М.Х., Маҳмадзода Х.Б. ва Раҳмонзода М.Ш. бо афсарон ва сарбозони қисми ҳарбии 051054-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии судманд баргузор намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими вобаста ба муҳтавои Паёми Президент, таъмини волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва махсусан пешгирии ҷиноятҳо вобаста ба терроризм ва экстремизм мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Судяҳо доир ба моҳият ва аҳамияти риояи бечунучарои қонунҳои миллӣ, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм, инчунин масъулияти ҳуқуқии шаҳрвандон ва хизматчиёни ҳарбиро шарҳ доданд.

20260212_140356.jpg.jpeg

Зикр гардид, ки дар шароити муосир ҳифзи амнияти ҷомеа ва манфиатҳои давлат тақозо менамояд, ки ҳар як хизматчии ҳарбӣ сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ дошта, ба риояи қатъии қонунгузорӣ ва арзишҳои миллӣ содиқ бошад. Таъкид шуд, ки пешгирии ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, танҳо бо ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа натиҷаи воқеӣ медиҳад.

20260212_140538.jpg.jpeg

Дар фарҷом иштирокдорон ба аҳамияти Паёми Президент ҳамчун роҳнамо барои рушди минбаъдаи давлат, таҳкими субот, амният ва адолати иҷтимоӣ ишора намуда, омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар иҷрои вазифаҳои дар он муайянгардида изҳор доштанд.

 


Бозгашт ба рӯйхат