Санаи 17 феврали соли 2026 бахшида ба муносибати Рӯзи байналмилалии забонҳои модарӣ дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсия намояндаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Завқизода С. А. бо маърӯза дар мавзуи “Мавқеи забони давлатӣ дар фаъолияти судҳо” баромад намуд. Номбурда сараввал паёми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмадро ба раёсат ва иштирокчиёни конференсия расонида, қайд намуданд, ки забони давлатӣ тибқи Конститутсия ва қонунгузории соҳаи судӣ дар фаъолияти судҳо нақши муҳим ва калидӣ дорад. Тибқи талаботи Конститутсия мурофиаҳои судӣ бо забони давлатӣ ва ё забони аксарияти аҳолии маҳал сурат мегирад. Дар мустаҳкам гардонидан ва рушду нумӯи забони давлатӣ саҳми шахсияти таърихӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бебаҳо буда, сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт дар Конститутсия ва қонунгузории мурофиавӣ инъикос ёфтааст.

Дар асоси меъёрҳои Конститутсия, Кодекси мурофиавии маданӣ, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбурди мурофиаи судӣ бо забони давлатӣ бо кафолати ҳуқуқи истифодаи тарҷумон барои шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд, ба роҳ монда мешавад. Бо забони содда ва равон таҳия намудани санадҳои судӣ ба он асос мегардад, ки муҳтавои ин санадҳо бебаҳс ва духӯрагӣ фаҳмида шуда, бе кашолкорӣ мавриди иҷро қарор дода шаванд.
Хуллас бо забони давлатӣ ва аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидани санадҳои судӣ ба монанди ҳалнома, ҳукм, таъинот ва фармон далели мустақилияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд ва судя арзёбӣ мегардад.

Дар кори конференсия, инчунин намояндагони вазорату идораҳо ва олимону мутахассисони соҳа иштирок намуда, доир ба масъалаҳои рушди забони давлатӣ, таҳкими мавқеи он дар фаъолияти ташкилоту муассисаҳо ва илм мубодилаи афкор намуданд.
Иштирокчиён аҳаммияти ин чорабиниро дар таҳкими ҳамкории байниидоравӣ ва боло бурдани сатҳи масъулияти касбӣ баҳри истифодаи дурусти меъёрҳо ва имлои забони давлатӣ арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки амсоли чорабиниҳо омили муҳими пешрафти фарҳанги ҳуқуқӣ ва рушди устувори забони давлатӣ мегардад.

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
