ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМ ДАР РАЁСАТИ ҚӮШУНҲОИ ХУШКИГАРД

Бо мақсади шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаҳмондадиҳии меъёрҳои қонунгузории амалкунанда дар раёсати Қӯшунҳои хушкигард вохӯрӣ баргузор гардид.

FB_IMG_1771437166807.jpg
Намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — афсарони Коллегияи ҳарбӣ доир ба як қатор қонунҳо, аз ҷумла қонунҳо «Дар бораи танзими ҷашну маросим», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» шарҳу тавзеҳ доданд.

FB_IMG_1771437182233.jpg
Таъкид гардид, ки хизматчиёни ҳарбӣ бояд дар риояи қонунҳо ва татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат масъулияти баланд нишон диҳанд.
Дар фарҷом ҳайати шахсиро ба муносибати 33-солагии Артиши миллӣ табрик намуда, дар иҷрои рисолати хизматиашон барору муваффақият орзу карданд.



Бозгашт ба рӯйхат