ҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ БАРҲАМ ДОДАНИ ТАБЪИЗ НИСБАТИ ЗАНОН

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18 феврали соли ҷорӣ ҷаласаи корӣ баргузор намуд.

FB_IMG_1771437412236.jpg
Ҷаласа ба баррасии ҳисоботи фосилавӣ оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон бахшида шуда, дар он намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коршиносони миллӣ иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар кори ҷаласа намояндаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — сардори Раёсати коргузорӣ ва назорат Абдуманонзода Гулчеҳра низ иштирок дошт.


Бозгашт ба рӯйхат