ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ АМНИЯТИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз 19 феврали соли 2026 дар шаҳри Душабе, таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шурои амният муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Шурои амнияти кишвар баргузор гардид.

photo_2026-02-19_16-34-18 (2).jpg

Дар кори ҷаласа Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П., аъзои Шурои амният, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, роҳбарони баъзе вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа ҳисоботи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ оид ба фаъолияти онҳо дар соли 2025 шунида шуда, вобаста ба вазъи мураккаби ҷаҳонӣ барои таҳкими амнияти давлат ва ҷомеа, таъмини волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, қочоқ ва дигар таҳдидҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд.

photo_2026-02-19_16-34-19 (2).jpg photo_2026-02-19_16-34-19 (3).jpg

Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони сохторҳоро вазифадор намуданд, ки фаъолияти худро ҷиҳати тарбияи кадрҳо, интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти онҳо, омода намудани мутахассисони соҳибкасб дар самти истифодаи таҷҳизоту технологияҳои муосир, рушди саноати мудофиавии кишвар, рақамикунонӣ ва таъмини амнияти киберии давлат, инчунин, баланд бардоштани сатҳи касбият, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳисси миллӣ ва таҳкими худшиносию худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти хифзи ҳуқуқ ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд.

Оид ба масъалаҳои дар ҷаласаи Шурои амният муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.


Бозгашт ба рӯйхат