НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪМИНИ ҚОНУНИЯТ ВА ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ

Конститутсияи кишвари соҳибихтиёр дар партави сиёсати хирадмандона ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқу миллати тоҷик 6 ноябри соли 1994 ба тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин санади меъёри ҳуқуқии таърихӣ мебошад, ки он ҳамчун рамзи саодати миллат барои бунёди ҷомеаи воқеан демократию ҳуқуқбунёд, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини амнияту оромии ҷомеа ва суботи сиёсии кишварамон нақши муҳим мебозад. Конститутсия заминаҳои ҳуқуқии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии миллати тоҷикро фароҳам овард ва барои ташаккулу инкишофи ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияву ташкилот ва созмонҳои ғайридавлатӣ бо мақсади амалӣ гардидани ҳадафҳои бунёдкоронаву созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи воқеӣ гузошт.
Бояд қайд намуд, ки заминаи асосӣ барои таҳия ва минбаъд қабули ин санади муҳим қарори иҷлосияи ҳабдаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 1993 «Дар бораи таъсиси комиссияи конститутсионӣ» буд, ки раисии ин комиссияро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда гирифт ва худи ҳамон сол аз ҷониби роҳбарияти тозаинтихоби мамлакатамон супориш додашуд, ки ҳарчи зудтар лоиҳаи конститутсияи нав ба мардуми кишварамон пешкаш гардад, ки ин ҳадафҳои неки мардуми хирадманди тоҷик буд.
Санади тақдирсози миллат дар қатори муқаррар намудани дигар рукнҳои ҷомеа пеш аз ҳама барои таъмини қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ заминаи воқеӣ гузошта, тамоми санадҳои меъёри ҳуқуқӣ вобаста ба талаботи давлати демократию ҳуқуқбунёд ба он мутобиқ карда шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди қабули Конститутсия ба бунёди давлатдории хеш оғоз кард ва сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро таҳким бахшид ва низоми қонунгузории кишварро бошад рӯ ба инкишоф овард.
Агар мо ба истилоҳи «қонуният» нигарем, пас мушоҳида мекунем, ки нақши Конститутсия дар таъмини қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ чи аҳамияти хосаеро доро мебошад. Таҳти мафҳуми «қонуният» риоя ва иҷрои дақиқ, якхела ва ҳатмии талаботи ҳуқуқ аз тарафи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, ташкилотҳо ва шаҳрвандон фаҳмида мешавад.
Мазмуну моҳияти истилоҳи «қонуният» дар қисми дуюми моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ муқаррар карда шудааст.
Аз мазмуни ин меъёри конститутсия бармеояд, ки давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ва ғайра вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд. Онҳо набояд ба фаъолияти давлат (яъне, ҳуқуқэҷодкунӣ, татбиқи ҳуқуқ, адолати судӣ ва ғ…), яъне асоси ташкилии мақомоти давлатӣ, (интихоби Президент, Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон, инчунин интихоб ва ташкилу таъини мақомоти давлатӣ) дахолат кунанд ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин намоянд.
Ташаккул ва татбиқи меъёрҳои Конститутсияи ҷумҳурӣ вобаста ба инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз дастовардҳои бузурги давлати мо дар замони истиқлолият ва ваҳдату сарҷамъии миллатамон вобастагии калон дорад. Маҳз қабули Конститутсия ба мо имконият дод, ки дар ҷумҳурӣ сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, амнияти шаҳрвандон ва давлат барқарор шуда, ҳаёти осоиштаи ҳар як сокини мамлакат ва меҳмонони хориҷӣ таъмин гардад. Дар мамлакат қонунияту тартибот ҳукмрон гардида, дар заминаи санади тақдирсоз барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳангу маънавиёт ва дигар соҳаҳо шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад. Айни замон дар заминаи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва муассисаву ташкилотҳо барои рушду инкишофи ҳар як фарди ҷомеа шароити мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Эҳтироми қонуният ва риояи тартиботи ҷамъиятӣ вазифаи ҳамарӯзаи ҳар як сокини кишварамон маҳсуб меёбад.
Бо баробари инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ, ташакули низоми ҳуқуқӣ, таъмини амнияту оромӣ ва дигар омилҳои муҳими давлатӣ солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба меъёрҳои дахлдори Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳои зикргардида имкон доданд, ки меъёрҳои Конститутсия мукаммал гардида, баҳри таъмини пурраи қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шаванд.
Мақсаду мароми ҳалқу миллати Тоҷикистон ва ҳадафу нақшаҳои стратегияи давлат, ки дар меъёрҳои инсондӯстонаи Конститутсия бевосита мустаҳкам гардидаанд, дар зарфи 26 сол пай дар пай амалӣ карда, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд, зеро ҳар як меъёри Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзишҳо ва ҳадафҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мутобиқ мебошанд ва имрӯзҳо мо ифтихор аз он мекунем, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон тавассути Конститутсия, ки меъёрҳояш аз заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон иборат мебошад, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва баробарҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликиятро дар асоси эҳтироми соҳибихтиёрии давлатӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ таъмин менамояд, ҳамчун як ҷомеаи мутамаддини ҳуқуқӣ аз тарафи кулли мардуми сайёра пазируфта шуд.
Аз он ифтихор дорем, ки яке аз талаботҳои муҳими меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосии суботу оромии ҷомеа ва давлат мебошад.

Вазирзода Г.Н.
Судяи Суди Олӣ


Возврат к списку


СОМОНАҲОИ МУФИД