ИШТИРОК ДАР КОНФРОНС

Санаи 23 феврали соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи назариявию маърифатӣ баргузор гардид.

photo_2026-02-23_16-13-54 (3).jpg photo_2026-02-23_16-13-55.jpg

Дар ҷараёни конференсия судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода М. иштирок ва сӯханронӣ карда, қайд намуд, ки таъсиси Артиши миллӣ дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсиву ҳарбии солҳои аввали истиқлолият сурат гирифта, он самараи иродаи устувори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми кишвар мебошад.

photo_2026-02-23_16-13-54 (2).jpg photo_2026-02-23_16-13-55 (2).jpg

Конференсия бо суханронии вазири маориф ва илм анҷом ёфта, иштирокчиён ба муносибати 33-солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда шуданд.


Бозгашт ба рӯйхат