ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ СУДӢ ДАР СОЛИ 2020

Рӯзи 5 январи соли 2021 Раёсати Суди Олӣ баргузор шуд. Дар Раёсат натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар соли 2020 таҳлил ва ҷамъбаст гардида, вазифаҳо барои нимсолаи аввали соли 2021 муайян карда шуданд.

Дар кори Раёсат  намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров С.А., роҳбарият ва судяҳои Суди Олӣ, раисон ва судяҳои судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

IMG_8644.JPGТибқи рӯзнома ҳисоботи муовини якуми Раиси Суди Олӣ Лутфуллозода Ш. доир ба натиҷаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, муовини Раиси Суди Олӣ Исҳоқӣ А.Н. вобаста ба натиҷаи баамалбарории адолати судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ ва муовини Раиси Суди Олӣ Раҳмонзода С.С. оид ба натиҷаи фаъолияти судҳои ҳарбӣ дар давраи соли 2020 шунида шуд.

Дар Раёсат инчунин раисони судҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе оид ба натиҷаи фаъолияти судҳо ахборот доданд.

Пас аз шунидани ҳисоботҳо Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров С.А. низ суханронӣ карда, вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ дар давоми соли 2020 андешаҳои худро изҳор дошт.IMG_8653.JPG

Сипас, Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён вобаста ба фаъолияти мақомоти судӣ дар соли сипаришуда баромад намуда, ба судяҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо, аз ҷумла роҳ надодан ба кашолкорӣ, баррасии ҳаматарафа, пурра, холисона ва саривақтии парвандаҳо, қабули санадҳои қонунию асоснок ва назорати иҷрои онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бо муайян намудани вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2021 ва қабули қарор ба кори Раёсат хотима бахшида шуд.


Возврат к списку


СОМОНАҲОИ МУФИД