БАЛАНД БАРДОШТАНИ ИҚТИДОР ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН

Имрӯз, 24 феврали соли 2026 дар шаҳри Душанбе семинари омузишӣ бахшида ба тақвияти муқовимат ба савдои одамон баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо иштироки судяҳои Суди Олӣ, судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи он инчунин, намояндагони Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.


Дар кори семинар муовини якуми вазири корҳои дохилӣ-раиси Комиссияи муқовимат бо савдои одамон муҳтарам Аламшозода А.А. иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид гардид, ки савдои одамон яке аз хатарҳои ҷиддии замони муосир буда, мубориза бо он ҳамкории зичи мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ниҳодҳои дахлдорро талаб мекунад.

Иштирокдорон масъалаҳои ҷорӣ намудани таҷрибаи ягонаи судии татбиқи санадҳои қонунгузорӣ, роҳҳои баҳтар намудани ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қурбониёни савдои одамнро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар фарҷом зикр шуд, ки баргузории чунин семинарҳо на танҳо дониш ва малакаи касбиро тақвият мебахшад, балки заминаи боэътимод барои ояндае, ки дар он қонун қавӣ, адолат устувор ва инсон аз ҳар гуна истисмор ҳифз шавад.

 


Бозгашт ба рӯйхат