25 феврали соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар як қатор вазорату идораҳо ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиншуда мулоқот намуданд.
Дар асоси банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Бобохонзода Асомуддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд.
Ҳамзамон, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамин рӯз Бобохонзода Асомуддин директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.
Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П. ва кадрҳои таъиншуда доир ба суръат бахшидан ба раванди рақамикунонӣ ва гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги волои миллӣ, пешгирӣ аз хурофот, мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсионию гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини адолати судию волоияти қонун ва муомилаи хуб бо мардум вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Таъкид гардид, ки ҳар яки онҳо ва умуман ҳамаи хизматчиёни давлатӣ бояд бо риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, оинномаву низомномаҳои соҳавӣ, одобу ахлоқи ҳамида, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳӣ дар ҷомеа намунаи ибрат бошанд.




.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
