НАХУСТИН СЕМИНАРИ ҶУМҲУРИЯВӢ БА ТАРИҚИ МАҶОЗӢ

27-уми феврали соли равон бори нахуст раванди баргузории семинари машваратии судяҳои Суди Олӣ ва судяҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар тариқи маҷозӣ (онлайн) дар маҷлисгоҳи васеи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар семинари маҷозии машваратӣ, ки тибқи нақшаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳе як маротиба баргузор мешавад, муовинон, судяҳои Суди Олӣ инчунин,  раисон  ва судяҳои  судҳои  шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, ғайр аз ин ба тариқи маҷозӣ судҳои вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои кишвар   ширкат намуданд.

DSC00634.JPG
Семинари маҷозиро муовини Раиси Суди Олӣ  Тағозода А.С.  ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба зарурати мавриди корбарии ҳатмӣ қарор додани коргузории ҳуҷҷатҳоро дар шакли электронӣ тавассути “Низоми ягона гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ” изҳори назар намуда, аз  иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки минбаъд ҳуҷҷатгузориҳоро тариқи барномаи мазкур ба роҳ монда пай дар пай аз ҳомили қоғазӣ даст кашанд.
Қайд гардид, ки ҳадаф аз ҷорӣ намудани низоми мазкур ин ворид намудани унсурҳои муосири электронӣ дар фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

DSC00626.JPG DSC00678.JPG
Дар идомаи семинари маҷозӣ баҳри бештар фаҳмонидани усулҳои истифодабарии Низоми ягонаи электронӣ роҳбари гурӯҳи кории Суди Олӣ оид ба рақамикунонии ҳокимияти судӣ муҳтарам Аланазарзода Ш. ва аъзои масъули гурӯҳ бо таври рӯнамо  усули кории барномаро ба иштирокдорони семинари маҷозӣ муаррифӣ намуда, ба саволҳои манзуршуда ҷавобҳои муфассал доданд.

DSC00660.JPG DSC00680.JPG DSC00701.JPG
Дар идомаи семинари мазкур судяҳои масъул тибқи нақшаи баргузории машғулиятҳои семинарӣ дар мавзуъҳои гуногун баромад намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар семинари маҷозӣ аз ҷониби судяҳо як қатор масъалаҳое, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо дар амалияи судӣ ба миён меомаданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

DSC00721.JPG DSC00719.JPG DSC00731.JPG



Бозгашт ба рӯйхат