Рӯзҳои 2-7 марти соли 2026 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Гулистон, 40 нафар судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оид ба мавзуи “Баробарӣ ва ҳифз аз ҳама гуна шаклҳои табъиз” дар тренинги омузишӣ ширкат доранд.
Тренинги мазкур бо ибтикори Суди Олӣ ҷиҳати амалигардонии Нақшаҳои миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рафъи табъизи нажодӣ барои солҳои 2024-2027 ва барҳам додани табъиз нисбати занон барои солҳои 2025-2032 ташкил ва баргузор гардидааст.
Дар раванди чорабинӣ судяҳо вобаста ба масъалаҳои стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ оид ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз, намудҳои табъиз ва аҳамияти фарқгузорӣ, механизмҳои ҳимоя аз ҳама гуна шаклҳои табъиз ва дигар паҳлӯҳои муҳими мавзуи мазкурро мавриди омузиш қарор доданд.
Ғайр аз ин, ба судяҳо мазмуну моҳияти дастурҳои тавзеҳотии Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2025, №33 "Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба табъиз алоқаманд ба миён меоянд" фаҳмонда дода шуд.
Ба сифати устод судяи Суди Олӣ муҳтарам Аланазарзода Шароф баромад намуда, нуктаҳои асосии санадҳои қонунгузорӣ ва паҳлуҳои асосии баробарӣ, аломатҳо ва шаклҳои табъизро ба шунавандагон табодули таҷриба намуданд.





.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
