27 феврали соли 2026 дар маҷлисгоҳи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе семинари васеи ҷумҳуриявӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи судҳои кишвар баргузор гардид.
Дар семинари мазкур кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин кормандони дастгоҳи судҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Намояндагони дастгоҳи судҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷараёни семинарро ба таври маҷозӣ пайгирӣ карданд.
Семинарро роҳбари дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Неъматулло Ҳикматулло ҳусни оғоз бахшида, дар суханронии худ ба зарурати ҷорӣ намудани коргузории ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ тавассути «Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ» таъкид намуд. Қайд гардид, ки минбаъд ҳуҷҷатгузорӣ бояд тадриҷан тавассути низоми мазкур ба роҳ монда шуда, истифодаи ҳомили қоғазӣ марҳила ба марҳила коҳиш дода шавад.
Дар идомаи семинар, бо мақсади шарҳи тартиб ва усулҳои истифодабарии «Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ», аъзоёни гурӯҳи кории Суди Олӣ оид ба рақамикунонии ҳокимияти судӣ бо истифода аз рӯнамо тарзи кори барномаро ба иштирокчиён муаррифӣ намуда, ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои муфассал доданд.
Илова бар ин, иштирокдорон бо мақсади дар шакли электронӣ дуруст ба роҳ мондани раванди коргузорӣ дар судҳои ҷумҳурӣ қоидаҳои "Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, корхона муассиса ва ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2025, №355 тасдиқ шудааст, мавриди омузиш қарор дода шуд.
Тибқи барномаи семинар, як қатор масъалаҳои марбут ба фаъолияти амалии дастгоҳи судҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷараёни муҳокима мушкилот ва масъалаҳое, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаи кормандони дастгоҳи судҳо ба миён меоянд, таҳлил ва ҷамъбаст карда шуданд.




.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
