Имрӯз, 6 марти соли 2026 дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мувофиқаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, мақомоти прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ амалӣ гардиданд.
Мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳафиззода Тоҷиддин аз вазифаи муовини якуми раиси суди вилояти Суғд озод карда шуда, ба вазифаи раиси суди ноҳияи Мастчоҳ таъин карда шуд.

Дар ҷараёни суҳбат Роҳбари давлат фаъолияти сохторҳои зикршударо мавриди таҳлилу баррасии муфассал қарор дода, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва таҳкими мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, махсусан гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи ғайримақсадноки замин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бояд ҳамеша манфиатҳои давлату миллат дар ҷойи аввал қарор дошта бошанд. Аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот талаб карда шуд, ки фаъолияти худро дар доираи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда, вазифаҳои хизматии худро бо масъулият ва виҷдони баланд иҷро намоянд.

Дар баробари ин, Пешвои миллат ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандон, аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ, такмили ихтисос ва аз худ намудани технологияҳои муосир диққати махсус зоҳир намуданд.

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
