Рӯзи модар яке аз ҷашнҳои муқаддас ва пурмаъноест, ки дар оғози фасли баҳор – мавсими эҳё, шукуфоӣ ва навсозии табиат таҷлил мегардад. Ин ҳамзамонӣ рамзи пайванди амиқи ду неруи офарандаи зиндагӣ – табиат ва модар мебошад. Зан-модар ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, рамзи меҳру муҳаббат, сабру фидокорӣ ва тарбиятгари насли инсонӣ дар ҷомеа ҷойгоҳи махсус ва муқаддас дорад.
Дар фарҳанги миллӣ ва арзишҳои маънавии мардуми тоҷик модар ҳамеша ҳамчун «фариштаи меҳр», «олиҳаи покӣ» ва «мавҷуди муқаддас» ситоиш шудааст. Модар фарзандро на танҳо ба дунё меорад, балки бо заҳмату меҳнати шабонарӯзӣ ӯро ба инсони солиму комил табдил медиҳад. Муҳаббати модар ба фарзанд муҳаббати ҳақиқӣ ва беғараз аст, ки онро бузургони илму адаб ва дин борҳо таъкид намудаанд. Дар таълимоти ислом низ эҳтироми модар ҷойгоҳи баланд дошта, хизмат ба ӯ роҳи расидан ба хушбахтӣ ва саодат шуморида мешавад.
Нақши зан-модари тоҷик дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифат, пойдории оила, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти давлат ниҳоят арзишманд аст. Модарон дар давраҳои душвори таърихӣ бо сабру матонат ва ватандӯстӣ такягоҳи боэътимоди ҷомеа буданд. Онҳо дар барқарорсозии сулҳ, ҳифзи истиқлол ва сарҷамъии миллат саҳми назаррас гузоштаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи баланд бардоштани мақоми занон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ қарор додааст. Имрӯз занону бонувон ҳамчун вакилони мардумӣ, роҳбарон, омӯзгорон, табибон, олимон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва ҳарбӣ фаъолият намуда, дар рушди ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Аз ҷумла, дар умум, дар ҳокимияти судӣ 185 нафар занон фаъолият намуда, аз онҳо 97 нафарашон судя, 9 нафарашон раисони судҳо ва 9 нафари дигар муовини раисони судҳо мебошанд.
Нишондиҳандаҳои оморӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳиссаи занон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм, фарҳанг, соҳибкорӣ ва идоракунии давлатӣ сол ба сол афзоиш меёбад. Дастгирии давлатӣ, аз ҷумла квотаи президентӣ, стипендияҳо, грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок ба баланд шудани сатҳи таҳсил ва имкониятҳои иқтисодии занон мусоидат намудааст. Ҳазорон духтарон дар дохил ва хориҷи кишвар таҳсил намуда, ба ҷомеа ҳамчун мутахассисони баландихтисос бармегарданд.
Маориф ва илм яке аз самтҳои калидии рушди ҷомеа мебошад. Ҷалби духтарон ба таҳсил, касбомӯзӣ ва азхудкунии технологияҳои нав, аз ҷумла забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, шарти асосии пешрафти давлат дар замони муосир ба ҳисоб меравад. Танҳо ҷомеаи босаводу донишманд метавонад бо равандҳои ҷаҳонишавӣ ва пешрафти илмӣ ҳамқадам бошад.
Дар баробари ин, масъалаи солимии занону модарон ва пойдории оила ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор дорад. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, татбиқи барномаҳои соҳаи тандурустӣ, маърифати оиладорӣ ва муоинаи ҳатмии тиббии издивоҷкунандагон ба ташаккули оилаҳои солим ва тарбияи насли солеҳ мусоидат мекунад. Дар ин раванд масъулияти падару модарон, махсусан модарон, ниҳоят бузург аст.
Ҳамчунин, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, муқовимат ба хурофот, ифротгароӣ ва бегонапарастӣ аз вазифаҳои муҳимми зан-модар маҳсуб меёбад. Либоси миллӣ, расму ойинҳои суннатӣ ва фарҳанги миллӣ бояд ҳифз ва ба наслҳои оянда омӯзонда шаванд.
Дар фарҳанги тоҷик мафҳумҳои «модар» ва «Ватан» бо ҳам тавъаманд. Эҳтиром ба модар баробар ба эҳтиром ба Ватан аст. Аз ин рӯ, нигоҳдории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд, бахусус модарон мебошад.
Хулоса, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки зан – модар рамзи оғози зиндагӣ, намунаи зебоиву меҳрубонӣ ва хуррамиву шукуфоии ҳаёти башар буда, офарандаи фарзандон ва идомабахши ҳастии инсоният мебошад.
Мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот
Давлатов Азамҷон
.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
