ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ СУДИ ВИЛОЯТИ СУҒД ВА МУАРРИФИИ РАИСИ СУДИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

Санаи 7 марти соли 2026 муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Тағозода А.С. аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои нави суди вилояти Суғд дидан ба амал овард. Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити муосири корӣ барои фаъолияти судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд яке аз самтҳои муҳими рушди низоми судӣ ба шумор меравад.

photo_14_2026-03-10_09-36-18.jpg photo_20_2026-03-10_09-36-18.jpg photo_1_2026-03-10_09-36-18.jpg

Ҳамчунин, дар суди ноҳияи Мастчоҳ ҷаласаи кормандони суд баргузор гардид. Дар ҷараёни ҷаласа муовини Раиси Суди Олӣ раиси навтаъини суди ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ҳафиззода Т.-ро ба ҳайати кормандон муаррифӣ намуд.

photo_29_2026-03-10_09-36-18.jpg photo_33_2026-03-10_09-36-18.jpg photo_26_2026-03-10_09-36-18.jpg

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки фаъолияти судяҳо бояд ба таъмини адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ равона карда шавад. Ба раиси навтаъиншуда ҷиҳати иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ, баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба ҳокимияти судӣ тавсияҳо дода шуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ба кормандони суд ҷиҳати риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ, масъулияти баланд дар фаъолияти касбӣ ва хизмат ба манфиатҳои давлату ҷомеа дастуру ҳидоятҳои дахлдор дода шуданд.


Бозгашт ба рӯйхат