ҶАЛАСАИ КОРӢ ДАР БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 12 марти соли 2026 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ дар доираи фаъолияти Гурӯҳи коршиносони миллӣ баргузор гардид.

WhatsApp Image 2026-03-12 at 17.16.17.jpeg

Ҳадафи ҷаласа баррасии масъалаҳои марбут ба омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом буд.

WhatsApp Image 2026-03-12 at 17.16.18 (1).jpeg

Дар кори ҷаласа намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд. Дар ҷараёни ҷаласа судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода И. бо маърӯза баромад намуд.


Бозгашт ба рӯйхат