БОЗОМУЗИИ СУДЯҲО ДАР САМТИ ИҶРОИ УҲДАДОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Рӯзҳои 16-18 марти соли 2026 дар осоишҳгоҳи Сароб 20 нафар судяҳои судҳои ВМКБ, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир ба мавзуи “Механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон мутобиқи низоми Созмони Милали Муттаҳид” дар тренинги омузишӣ иштирок доранд.

WhatsApp Image 2026-03-16 at 11.13.23.jpeg
Чорабии мазкур бо ибтикори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи амалигардонии бандҳои дахлдори  Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2023, №357, Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-350 аз 1 прели соли 2023 тасдиқ шудаанд ва дигар Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.

WhatsApp Image 2026-03-16 at 11.17.40.jpeg
Ташкил ва амалӣ гардондани тренинги мазкур ба судяҳо  бо ҳадафи омузиши санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар масълаҳои вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ иборат буда, зимни чорабинӣ судяҳо масъалаҳои татбиқи меъёрҳои Конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳидро ҳангоми баамалбарории адолати судӣ ва қабул намудани санадҳои судӣ азхуд намуданд.

WhatsApp Image 2026-03-16 at 11.13.08.jpeg
Ба сифати устод судяи Суди Олӣ муҳтарам Аланазарзода Шароф баромад намуда, паҳлуҳои муҳими санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро ба шунавандагон табодули таҷриба намуданд.



Бозгашт ба рӯйхат