Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосӣ ва пойдории давлатдорӣ ба шумор рафта, кафили истиқлолият, амният ва суботи кишвар мебошад. Онҳо дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини сулҳу осоиштагии мардум ва пешгирии ҳар гуна таҳдидҳо нақши калидӣ мебозанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23 –юми феврали соли 1993 таъсис ва артиши миллии кишвар ба як сохтори касбӣ, ҳозиразамон ва боэътимод табдил ёфта он аз Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар воҳидҳои низомӣ иборат мебошад, ки ҳар яки он дар таъмини амнияти давлат саҳми арзанда мегузоранд.
Хизматчиёни ҳарбӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, интизом ва масъулият вазифаҳои худро содиқона иҷро намуда, намунаи воқеии садоқат ба Ватан мебошанд. Бо таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш Эмомали Раҳмон ба соҳаи мудофиа, шароити хизмат, сатҳи омодагии ҷангӣ ва таъминоти техникии Қувваҳои Мусаллаҳ сол ба сол беҳтар гашта истодааст.
Омӯзишу машқҳои ҳарбӣ ва такмили ихтисоси афсарону сарбозон ба баланд шудани қобилияти мудофиавии кишвар мусоидат менамояд.
Бо вуҷуди ин, фаъолияти самароникии Артиши миллӣ танҳо бо қудрати ҳарбӣ маҳдуд намешавад. Барои таъмини тартибот, интизом ва риояи қонун дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ низоми мукаммали ҳуқуқӣ ва судӣ аҳамияти калон дорад. Дар ҳар як давлат низоми судӣ яке аз шохаҳои муҳими ҳокимият мебошад, ки маҳз тавассути он волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин мегардад.
Дар ҳамин замина, судҳои ҳарбӣ мавқеи махсусро ишғол мекунад. Ин ниҳод яке аз сохторҳои муҳими низоми судии кишвар буда, адолати судиро дар соҳаи хизмати ҳарбӣ таъмин менамояд.
Дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ, ҳангоми ташаккули давлатдорӣ ва низоми судӣ, бо дарназардошти хусусияти махсуси хизмати ҳарбӣ ва зарурати таҳкими қонуният, таъсиси коллегияи ҳарбии Суди Олӣ ба миён омад.
Самтҳои асосии фаъолияти коллегияи ҳарбии Суди Олӣ баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, оилавӣ, маданӣ ва маъмурӣ нисбати хизматчиёни ҳарбӣ, санҷиши қонуният ва асоснокии қарорҳои судҳои ҳарбии поёнӣ, инчунин баррасии парвандаҳо дар судҳои марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратиро дар бар мегирад. Судяҳои коллегияи ҳарбии Суди Олӣ парвандаҳоро бо риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва принсипҳои адолат баррасӣ намуда, ҳангоми риоя накардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, инчунин риоя накардани муқаррароти қонун, ки зимни пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, баррасии судӣ роҳ дода шудаанд, ошкор карда шаванд таъинотҳои хусусӣ қабул менамоянд.
Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарият ва судяҳои коллегияи ҳарбии Суди Олӣ барои пешгири ва коҳиш додани сатҳи содиршавии ҷиноят аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, мазмуну муҳтавои қонунҳои кишвар ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқиро ба самъаашон мерасонанд.
Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ на танҳо ба таъини ҷазо машғул аст, балки пеш аз ҳама ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбиро таъмин мекунад. Ҳар як сарбоз ё афсар, новобаста аз рутба ва вазифа, ҳуқуқи талаб намудани одилона, беғаразона ва тибқи қонун баррасӣ кардани парвандаашро дорад. Фаъолияти босамари ин ниҳод ба таҳкими низоми ҳарбӣ ва баланд гардидани эътимоди хизматчиёни ҳарбӣ ба адолати судӣ мусоидат мекунад.
Дар маҷмӯъ, Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои ҳуқуқӣ ва судӣ, аз ҷумла коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳими таъмини истиқлолият, амният, қонуният ва суботи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ин ҳамгироӣ нишон медиҳад, ки қонун барои ҳама як аст ва ҳифзи Ватан ҳам бо қудрати силоҳ ва ҳам бо адолати судӣ таъмин мегардад.
Муовини раиси коллегияи ҳарбӣ
полковники адлия
Ализода Н.И.
.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
