МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ СЕ МОҲАИ СУДИ ОЛӢ

30 марти соли 2026 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти се моҳа бо иштироки Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П., муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид.

photo_2026-03-30_10-03-43.jpg photo_2026-03-30_10-13-16.jpg

Дар ҷаласа масъалаҳои риояи интизоми меҳнат, баррасии саривақтии парвандаҳо ва муроҷиатҳои шаҳрвандон, инчунин пешниҳоди мавод ва қарорҳои судӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Раиси Суди Олӣ ба татбиқи якхелаи қонунгузорӣ, баланд бардоштани масъулият ва такмили баррасии муроҷиатҳо таъкид намуд. Ҳамзамон, масъалаи иҷрои саривақтии қарорҳои судӣ баррасӣ гардид.

photo_2026-03-30_10-12-59.jpg photo_2026-03-30_10-13-12 (2).jpg

Омори фаъолияти се моҳа муҳокима шуда, ба масъулин барои бартараф намудани камбудиҳо то ҷамъбасти шашмоҳа супоришҳо дода шуданд.

photo_2026-03-30_10-03-50.jpg

Дар анҷом, зарурати тақвияти назорат ва иҷрои масъулиятноки вазифаҳо таъкид гардид.


Бозгашт ба рӯйхат