30 марти соли 2026 директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ Бобохонзода А. ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Х., Шуҳратзода У. ва Бобозода М. дар мизи мудаввари байналмилалӣ доир ба «Масъалаҳои мубрами таъини ҷазоҳои ҷиноятӣ» дар реҷаи маҷозӣ иштирок намудаанд.
Чорабинии мазкур бо ибтикори Донишгоҳи давлатии адлияи Федератсияи Россия ба номи В.Лебедев ташкил гардида, дар кори он судяҳои аъзои давлатҳои ИДМ аз ҷумла, Ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ширкат варзида доир вобаста ба баррасии масъалаҳои калидии таъини ҷазоҳои ҷиноятӣ, такмили амалияи судӣ ва баланд бардоштани самаранокии адолати судӣ табодули таҷриба намуданд.
Дар фарҷоми муколама иштирокдорони мизи мудаввар вобаста ба таҳия ва пешниҳод намудани маводи зарурӣ дар самти тайёркунӣ, бозомузӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои судҳои давлатҳои ИДМ, ки ба такмил ва рушди минбаъдаи амалияи судӣ дар давлатҳои мазкур равона мегардад, ибрози ақида намуданд.



.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
