ИШТИРОК ДАР СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Санаи 3 апрели соли 2026 семинари байналмилалии таълимӣ-методӣ дар мавзуи «Муносибатҳои замин ва танзими ҳуқуқии баҳсҳои заминӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон» дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Чорабини мазкур аз ҷониби Мактаби олии адлияи назди Суди Олии Ҷумҳурии Қирғизистон ташкил гардида, дар кори он дар қатори дигар давлатҳо намояндагои Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори Маркази таълимии назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохонзода А. ва судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Ҷалолуддин иштирок намуданд.

WhatsApp Image 2026-04-03 at 15.51.07.jpeg WhatsApp Image 2026-04-03 at 15.51.05.jpeg

Дар доираи семинар масъалаҳои муҳими танзими ҳуқуқии муносибатҳои замин, амалияи судӣ оид ба баррасии баҳсҳои заминӣ, инчунин равишҳои муосир дар самти таъмини амнияти экологӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон, ба масъалаҳои таҳлили муқоисавии қонунгузории давлатҳо ва мушкилоти татбиқи ҳуқуқ дар шароити рақамикунонӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид.

Бо маърӯзаҳо омӯзгорон ва коршиносони варзидаи соҳаҳои ҳуқуқи замин, экологӣ ва маданӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Россия баромад намуданд.

Иштироки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мубодилаи таҷриба, таҳкими робитаҳои касбӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи адлия мусоидат намуд.

Аз рӯи натиҷаҳои семинар иштирокчиён аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳоро барои баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ ва такмили амалияи судӣ муҳим арзёбӣ намуданд.


Бозгашт ба рӯйхат