ТАҚВИЯТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ЗАНОН: НАТИҶАҲО ВА ДУРНАМО

9 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҳамоиш оид ба баррасии иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба бартараф намудани ҳама гуна табъиз нисбати занон (CEDAW) баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ибтикори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари САҲА доир шуда, дар кори он судяҳои Суди Олӣ Саидзода Марзия ва Солеҳзода Заррина, намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

WhatsApp Image 2026-04-10 at 16.31.38.jpeg WhatsApp Image 2026-04-10 at 16.31.47.jpeg

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини баробарии гендерӣ ва ҳифзи ҳуқуқи занон заминаи муҳими ҳуқуқӣ фароҳам оварда, як қатор санадҳои миллӣ ва байналмилалиро қабул намудааст. Ҳамзамон, нақши занон дар сохторҳои давлатӣ ва соҳаҳои гуногун тадриҷан меафзояд.

Иштирокдорон дастовардҳо ва мушкилоти мавҷударо баррасӣ намуда, барои такмили қонунгузорӣ, пешгирии зӯроварӣ ва тавонмандсозии занон пешниҳодҳо манзур карданд.

 


Бозгашт ба рӯйхат