ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ СУДҲОИ ҶУМҲУРӢ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Санаи 9 апрели соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон конфронси дуюми байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Эътироф ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ дар фазои ҷаҳонӣ: мушкилоти ҳифзи ҳуқуқ ва дурнамои рақамикунонӣ” баргузор гардид, ки дар кори он судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳадафи асосии иштирок дар конфронси мазкур аз баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо, омузиши усулҳои муосири татбиқи қонунгузории байналмилалӣ ва таҳкими амалияи судии самаранок, инчунин баррасии масъалаҳои марбут ба рақамикунонии равандҳои судӣ иборат мебошад. 

IMG-20260410-WA0026.jpg
Зикр гардид, ки самти ҷорӣ намудани унсурҳои рақамӣ ба афзалиятҳои рушди ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, омузиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта метавонад ба пешбурди раванди рақамикунонии ҳокимияти судии Тоҷикистон мусоидат намояд.

IMG-20260410-WA0035.jpg
Иштироки судяҳои ҷумҳурӣ дар конфронси мазкур барои татбиқи дурусти қонунгузорӣ дар амалияи баррасии парвандаҳо, инчунин мубодилаи таҷриба бо судҳои минтақа аҳамияти муҳим дорад.

IMG-20260410-WA0091.jpg
Дар фарҷоми конфронс иштирокчиён омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва тақвияти мубодилаи таҷриба оид ба масъалаҳои марбут ба мавзуи конфронс изҳор намуданд.



Бозгашт ба рӯйхат