Нимаи дуюми рӯзи 10 апрели соли 2026 дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории байни идоравӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур масъалаи таҳия ва амалигардонии “Барномаи рушди ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2027–2030” баррасӣ карда шуд.
Ҳайати гурӯҳи корӣ аз намояндагони Суди Олӣ, Суди конститутсионӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, инчунин Вазоратҳои молия ва рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, мақсади муколама аз матраҳ намудани лоиҳаи Барнома дар асоси талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ иборат мебошад.

Зимни муҳокима зарурати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд, мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷӯҳ зоҳир гардида, ба масъулин ҷиҳати иҷрои босифати вазифаҳои дарпешгузошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар фарҷом зикр гардид, ки волоияти қонун, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд бо роҳи таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ ҳамчун кафолат хизмат намуда, воситаи асосӣ барои риоя ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҷомеаи демократӣ ва замина барои таъмини рушди иқтисодӣ ва беҳтар гардидани фазоӣ соҳибкориву сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин, таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ ва такмили сохтори он ҷиҳати беҳтар намудани амалияи шаффофияти фаъолияти судҳо, тақвият бахшидан ба мурофиаи судии ошкоро ва одилона мутобиқ ба стандартҳои миллию байналмилалӣ, ҷорӣ намудани низоми иттилоотии мурофиаи судӣ дар фаъолияти судҳо, аз ҷумла дар шакли электронӣ пешниҳод намудани даъво ва ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, тақсимоти электронии парвандаҳои судӣ байни судяҳо, муҷаҳҳаз гардонидани толори судҳо бо технологияҳои муосири рақамӣ яке аз воситаҳои таъмини принсипи баамалбарории ошкорои адолати судӣ ба ҳисоб рафта, такмил додани санадҳои қонунгузории соҳавӣ ва таъмини инфрасохтори заруриро талаб менамояд.

Бо назардошти ин, перомуни ба таври назаррас тақвият додани мустақилияти ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон табодули афкор қарор дода шуда, таклифҳои ҷадиду асоснок ҷиҳати ворид намудан ба лоиҳаи “Барномаи рушди ҳокимияти судӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2027-2030” пешниҳод гардиданд.
----------------

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
