Имрӯз, санаи 13 апрели соли 2026 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, аз фаъолияти Маркази таълимии судяҳо ва суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз наздик шинос шуданд.
Раиси Суди Олӣ дар раванди дарсҳои такмили ихтисоси судяҳо иштирок намуда, оид ба мавзуъҳои баррасишаванда мубодилаи афкор анҷом доданд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи татбиқи сиёсати пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нисбат ба таҳкими ҳокимияти судӣ, инчунин бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бинои суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе корҳои таъмири асосӣ анҷом дода шуда, утоқҳои корӣ ва толори маҷлисгоҳи судӣ пурра аз таъмир бароварда шудааст.
Муҳайё намудани шароити мусоид ва заминаҳои зарурӣ барои фаъолияти босамари ҳокимияти судӣ ва таъмини дастрасии васеи аҳолӣ ба адолати судӣ, яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ маҳсуб ёфта, омили калидӣ дар таҳкими фаъолияти ҳокимияти судӣ ба ҳисоб меравад.
Маркази таълимии судяҳо:
Суди ҳарбии гарнизони Душанбе:














.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
