ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ

24 апрели соли 2026 дар бинои Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи маҷозӣ дар мавзуи «Тафтиш ва таъқиби судии ҷиноятҳо вобаста ба қонунигардонии (легализатсияи) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм» баргузор гардид.

WhatsApp Image 2026-04-24 at 17.52.18.jpeg

Дар кори конференсия намояндагони воҳидҳои иктишофи молиявӣ, Суди Олӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори давлатҳои минтақа, аз ҷумла Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.

WhatsApp Image 2026-04-24 at 17.52.18 (2).jpeg

Дар конференсияи мазкур судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Иноятулло Шарифҷон иштирок намуда, доир ба мавзуи баррасишаванда андеша ва пешниҳодҳои худро иброз намуд.

Ҳадафи асосии конференсияи байналмилалӣ баланд бардоштани сатҳи дониш, таҳкими ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба миёни воҳидҳои иктишофи молиявӣ ва мақомоти салоҳиятдори кишварҳои минтақаи Авруосиё дар самти тафтиш ва таъқиби судии ҷиноятҳои марбут ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм мебошад.


Бозгашт ба рӯйхат