Рӯзҳои 12–13 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкории муштараки Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ва Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои судяҳо чорабинии омузишии дурӯза баргузор гардид.
Чорабини мазкур дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон: такмилдиҳии таъқиби ҷиноятӣ барои савдои одамон ва дастгирии қурбониёни он» баргузор гардида, ҳадафи омӯзиш баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии судяҳо дар самти муқовимат ба савдои одамон, тартиби татбиқи санадҳои қонунгузорӣ вобаста ба ин мавзуъ ва таҳкими равишҳои ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қурбониёни савдои одамон нигаронида шудааст.
Дар омӯзиш 20 нафар судяҳо аз судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳими мавзуъи семинар табодули таҷриба намуданд.




.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
