ТАҚВИЯТИ ДОНИШИ ҲУҚУҚӢ ОИД БА ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ СУДҲО

Рузҳои 6 - 7 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе семинари омузишӣ бо иштироки намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзноманигорон, мутахассисони хадамоти матбуотӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар муассисаҳои давлатӣ баргузор гардид.

WhatsApp Image 2026-05-14 at 15.51.31 (1).jpeg
Ҳадафи асосии ин чорабинӣ аз баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ оид ба дастрасӣ ба иттилоот, шарҳи қонунгузории амалкунанда, таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо воситаҳои ахбори омма ва рушди фарҳанги ҳуқуқӣ дар ҷомеа маҳсуб меёбад.
Дар рафти семинар масъалаҳои муҳим, аз ҷумла:
 дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо;
 ҳуқуқ ва уҳдадориҳои рӯзноманигорон дар фазои иттилоотӣ;
 риояи ҳуқуқ ба ҳаёти шахсӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ;
 пешгирии паҳн намудани маводи хусусияти экстремистӣ ва террористидошта;
 нақши ҳокимияти судӣ дар таъмини волоияти қонун;
 мубодилаи таҷрибаи амалии ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва намояндагони ВАО мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

WhatsApp Image 2026-05-14 at 15.51.31.jpeg WhatsApp Image 2026-05-14 at 15.51.30.jpeg
Инчунин, дар доираи чорабиии мазбур иштирокдорон бо малакаҳои касбӣ мубодилаи таҷриба намуданд.
Ташаббуси мазкур ба татбиқи  Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026-2030 мусоидат намуда, ба таҳкими ҳамкории судҳо бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма замина мегузорад.

WhatsApp Image 2026-05-10 at 15.45.21.jpeg
Ба сифати устод судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аланазарзода Шароф иштирок намуда, зимни тадрис паҳлӯҳои муҳим ва асосии масъалаи дастраси ба иттилоот ва заминаҳои ҳуқуқии масоилро ба шунавандагон манзур намуданд.



Бозгашт ба рӯйхат