Имрӯз, 14 майи соли 2026, дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни “Беҳтарин донандаи таърихи халқи тоҷик” миёни хонандагони синфҳои 8–11-и муассисаҳои таълимии шаҳри Норак озмуни шаҳрии «Тоҷикон дар оинаи таърих» баргузор гардид.
Озмуни мазкур бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ташкил ва роҳандозӣ гардидааст.
Ҳадаф аз баргузории озмун баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик ва ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши амиқи таърихи миллат мебошад.
Дар анҷоми чорабинӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.




.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
