РАИСИ СУДИ ОЛӢ АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ СУДИ НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ ШИНОС ГАРДИД

Имрӯз, 15 майи соли 2026 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад аз рафти сохтмони бинои нави суди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дидан намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва шароити муҳайёшаванда шинос гардид.

Сохтмони бинои нави суди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати таҳкими ҳокимияти судӣ ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, барои рушди низоми судӣ ва таҳкими волоияти қонун заминаи мусоид фароҳам меорад.

7.jpg WhatsApp Image 2026-05-15 at 13.20.58 (1).jpeg WhatsApp Image 2026-05-15 at 13.20.58 (2).jpeg

WhatsApp Image 2026-05-15 at 13.20.58.jpeg WhatsApp Image 2026-05-15 at 13.20.59 (1).jpeg WhatsApp Image 2026-05-15 at 14.48.52 (1).jpeg

 


Бозгашт ба рӯйхат