Рӯзи 14 майи соли 2026 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус мизи мудаввари байналмилалӣ дар мавзуи «Тамоюлҳои муосири рушди қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ» баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи нақшаи фаъолияти ташкилоти базавии давлатҳои иштирокчии ИДМ дар самти омодасозӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои низоми судӣ баргузор шуда, дар он намояндагони мақомоти судӣ, илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои мубрами такмили қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ, таҷрибаи давлатҳо дар самти ислоҳоти ҳуқуқӣ, инчунин, роҳҳои мутобиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ ба талаботи муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён оид ба масъалаҳои рушди қонунгузории миллӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва такмили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ табодули назар намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кори мизи муддавар директори Маркази таълими судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бобохонзода Асомидин ва судяиҳои Суди Олӣ Давлатзода Исмоил ва Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин намояндагӣ намуда, дар доираи мавъуи матраҳшаванда таклифу пушниҳоҳоро манзур намуданд.
Иштироки ҳайати судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкориҳои касбӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами давлатҳои дигар ва такмили низоми судию ҳуқуқии кишвар аҳамияти муҳим дорад. Ҳамчунин, чунин ҳамоишҳо ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ миёни мақомоти судии давлатҳои иштирокчии ИДМ мусоидат менамоянд.



.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
