МИЗИ МУДАВВАР ВОБАСТА БА МАСЪАЛАҲОИ ҲУҚУҚҲОИ НОБОЛИҒОН

Санаи 15 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар таҳти унвони «Муаррифии натиҷаҳои таҳлили баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва муколамаи масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” баргузор гардид.

WhatsApp Image 2026-05-15 at 10.19.57.jpeg

Дар чорабинии мазкур намояндагони ҳокимияти судӣ, маомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, адвокатура, инчунин, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш масъалаҳои вобаста ба таҳкими ёрии ҳуқуқӣ ба кӯдакон, мутобиқати қонунгузории миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва таҳлили амалияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ноболиғон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

WhatsApp Image 2026-05-15 at 10.19.59.jpeg

Дар кори мизи муддавар судяи Суди Олӣ муҳтарам Алназарзода Шароф ва директори Маркази таълимии судяҳо назди Суди Олӣ бо маърузаҳо баромад намуда,  масъалаҳои хусусиятҳои хосӣ тартиби тафтиш ва баррасии судии парвандаҳо бо иштироки ноболиғонро аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ ва санадҳои қонунгузории Тоҷикистон ба иштирокдорон табодули таҷриба намуданд.

WhatsApp Image 2026-05-15 at 09.44.10.jpeg

Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён оид ба такмили низоми расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба кӯдакон табодули афкор ва таклифу пешниҳодҳои мушаххас иброз намуданд.


Бозгашт ба рӯйхат