Имрӯз, 17 майи соли 2026 дар саросари кишвари маҳбубамон чорабинии оммавии варзишӣ таҳти унвони «Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ» баргузор гардид, ки судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои ҷумҳурӣ дар тамоми минтақаи кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ фаъолона ширкат варзиданд.

Чорабинӣ дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ доир шуда, иштирокчиён ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш фаъолона иштирок намуданд. Бояд қайд намуд, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи варзиш барои таҳкими саломатии ҷомеа, тарбияи ҷавонон ва боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.




.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
