ВОХӮРИИ ДУҶОНИБАИ СУДМАНД

Имрӯз, 18 майи соли 2026 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти дуҷониба миёни иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Тоҷикистон ҷаноби Александр Федулов баргузор гардид.

WhatsApp Image 2026-05-18 at 18.14.23.jpeg

Муовини якум Раиси Суди Олӣ муҳтарам Лутфуллозода Ш. зимни вохӯрӣ таҷрибаи ҳамкориҳои ҳокимияти судии кишварро бо Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) ба таври мусбӣ арзёбӣ намуда, тақвият додани ҳамкориҳоро дар самти рақамикунонии раванди фаъолияти судҳо, баргузор намудани чорабиниҳои омузишӣ барои судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ибрози ақида намуд.

Илова ба ин, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ва ҷорӣ намудани унусрҳои электронӣ муҳтарам Аланазарзода Шароф қайд намуд, ки мувофиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 масъалаҳои таъмини волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ ҳамчун афзалияти миллӣ дар ҷодаи дастёбӣ ба ҳадафи 16 Рушди устувор маҳсуб ёфта, масъалаи таҳкими рақамикунонии ҳокимияти судӣ бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба адолатӣ судӣ, ҳамчун самти афзалиятноки тақвияти иқтисоди рақамии Тоҷикистон ба шумор меравад.

WhatsApp Image 2026-05-18 at 18.17.46.jpeg

Тарафҳо оид ба масъалаҳои дар назди Суди Олӣ таъсис ва бо технологияҳои дахлдор таҷҳизонидани Маркази коркарди маълумот (Data Center), ки самти рақамикунонӣ, иттилоотонӣ ва воридсозии зеҳни сунъиро пеш мебарад, инчунин, муҷаҳҳаз кардани толорҳои судҳо бо системаи видео-конфронс ва дастгоҳҳои сабти овоз ҷиҳати фароҳам овардани имконияти тамошои маҷозии мурофиаҳои судӣ ва роҳандозӣ кардани низоми бойгонии электронии санадҳои судӣ ҳамчун самти афзалиятноки ҳамкориҳоро муколама намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак иброз намуданд.

 

 


Бозгашт ба рӯйхат